image

Баргузории машварати дастурдиҳиву иттилоотӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

date_range13.01.2023, 20:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye254

Бо мақсади амалисозии банди 17-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур машварати дастурдиҳиву иттилоотӣ доир гардид.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 1-уми декабри соли 2022 то 27-уми январи соли 2023 дар қаламрави кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба сафарбаркунии иҷтимоӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои буҳронӣ дар вақти баргузории чорабиниҳо оид ба иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ миёни фаъолон ва аҳли ҷомеа машварати дастурдиҳӣ доир мегардад.

Ин навбат чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва зерсохторҳои он, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар масъулин доир гашт.

Зимни машварат маърузачиён оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, қабул намудани ваксина дар давраи иммунизатсияи аҳолӣ ва дигар омилҳои мусоидаткунанда баҳри беҳдошти саломатии сокинон ба иштирокчиёни машварат маълумот доданд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим низ ширкат намуданд.

Иштирокчиёни машварати иттилоотию маърифатӣ оид ба сафарбаркунии иҷтимоӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои буҳронӣ дар марҳилаи гузаронидани иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ вобаста ба мақсади асосии чорабинӣ, беморӣ паҳншавии КОВИД-19, муошират барои бартараф намудани хатар ва пешниҳод намудани маълумоти ҳаётан муҳим, маълумоти нодуруст оид ба иммунизатсия (хабарҳои бофта, овозаҳо), аҳамияти расонидани маълумоти дақиқ барои аҳолӣ дар вазъияти буҳронӣ ва дигар мавзуҳо сухан гуфтанд. Чунин сухбатҳои мулоқотҳо бо иштироки дигар намояндагони ҷомеаи шаҳравандӣ низ баргузор гардида, дар ҷараёни он сокинон оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ маълумот мегиранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"