Гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаи кор бо занон ва оилаи пойтахт
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми январи соли 2023 «Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе бо кормандони соҳаи кор бо занон ва оилаи пойтахт мулоқот анҷом доданд.
Ҳамасола ироа гаштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ рӯйдоди муҳим буда, дар он баробари таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳо, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас баҳри расидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар гузошта мешавад.
Бо мақсади шарҳи нуқтаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Сардори Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои шаҳрӣ – бо кормандони соҳаи кор бо занон ва оилаи пойтахт мулоқот доир намуданд.
Дар рафти мулоқот бо ишора ба дастуру вазифаҳои аз ҷониби Президенти мамлакат дар назди масъулин гузошташуда, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ таъкид доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои ба миён гузошташуда аснои ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат, талош ба харҷ диҳад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ