image

Мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо масъулину кормандони Васоити ахбори омма

date_range20.01.2023, 15:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад”. Ин нуқта зикр гардид, зимни мулоқоти навбатии масъулини МИҲД-и ш.Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ бо кормандони Воситаҳои ахбори оммаи кишвар.

Бо такя ба суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми имсола баён гардида буд, ҳозирин иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”

Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспуши ибрози андеша карданд. Аз кормандони ВАО даъват карда шуд, ки дар муборизахои иттилоотӣ ҳушёриро аз даст надода, барои пурра намудани фазои иттилоотӣ ва пос доштани арзишҳои миллию суботи сартосарии кишвар бо таҳияи барномаҳои таҳлилӣ саҳм гузоранд.

Ҳамчунин дар доираи 4-ҳадафи стратегии кишвар ва нақшаву барномаҳои таҳия гардидаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.”

Дар идома иброз гардид, ки ташаббуси пешгирифтаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомали бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт барои тозагии муҳити атроф шароити созгорро муҳайё сохта симои Душанбешаҳрро боз ҳам зебо мегардонад. Аз ин ру аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои пойтахт саҳмгузор бошанд.

Дар идома дигар мавзуҳои дар паём дарҷгардида мавриди бараси қарор дода шуданд. Зимни тавзеҳи нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни паём зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат моҳияти марҳалавӣ ва барномавӣ дошта, бозгӯи марҳалаи рушди устувори ҷумҳурӣ мебошад. Тавре иброз гардид, таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"