image

Мулоқоти намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони н.Сино баҳри амалӣ намудани қонунҳои амалкунанда ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон

date_range25.01.2023, 15:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт пайваста чорабиниҳои гуногуни маърифатию иттилоотонӣ аз ҷониби сохтору мақомоти марбута ташкил карда мешавад. Ин навбат бо мақсади пешгирии наврасону чавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷалоби ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи навшъадор, муқовимат ба омилҳои коррупсиони ва пешгирии шомилшавии чавонон ба хизбу харакатхои ифрототгарои дар толори МТМУ №25-и ноҳияи Сино бо сокинони махаллахои ноҳия мулоқот баргузор шуд. Аз ҷараёни ин мулоқот ҳамкоронамон гузориш омоданамудаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз 20 марти соли 2021 «Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», аз 1 июни соли 2021 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҷадвали чорабиниҳои муштарак мулоқоти намояндагони сохторҳои қудратӣ бо сокинони маҳаллаҳои н. Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудаанд.

Мулоқоти навбатӣ дар робита ба ин масъала дар толори МТМУ №25-и ноҳияи Сино гузаронида шуд, ки дар он сокинони маҳаллаҳои Деҳи Боло, Шараф, Навободи Боло, Навободи поён ва минтақаи №91 ширкат доштанд.

Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст доир ба дастоварду пешравиҳои кишвар дар замони соҳибситиқлолӣ баромад намуда, онро бо нишондоди нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар идомаи мулоқот вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хатару оқибатҳои ногувори он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ибрози андеша гардид.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"