Ин навбат бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Фирӯз, Гулистон, Заргар ва Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонӣ гурӯҳи кории МИҲД-и ш. Душанбе мулоқот карданд
Дар доираи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин навбат бо иштироки гурӯҳи корӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Фирӯз, Гулистон, Заргар ва Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Маркази худшиносии бонувони дар шаҳри Душанбе ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки илм ва мориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни Паёми навбатии худ ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрӯзӣ муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо бо сокинон риояи дурусти фарҳанги шаҳрнишинву шаҳрдорӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои бандҳои амалкунандаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" фаҳмонида мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ