Роҳандози намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2023
Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба 30 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар он иштирокчиён метавонанд мақолаи беҳтаринро доир ба мавзӯи болозикр пешниҳод намоянд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд. Муҳлати қабули мақолаҳо то 18 феврали соли 2023, муқаррар гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ тадбирҳои судманд андешиданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ