Мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои н.Шоҳмансур
Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ш.Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат мулоқоти роҳбарияти Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ш.Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои Бедил, Дилшоди Барно ва Коорпоративи моликони манзили №8-и н.Шоҳмансур доир гардид.
Зимни баромади муовини раиси шаҳри Душанбе бо ишора ба паём зикр гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Паём ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ