image

Мулоқоти навбатии намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон дар толори МТМУ №76 баргузор шуд

date_range26.01.2023, 09:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye197

Ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманд доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву ташкилот ва шаҳраку маҳаллаҳо идома дорад. Дар ноҳияи Фирдавсӣ низ нақшачорабиниҳои ноҳиявӣ ташкил шуда, дар асоси он мулоқот бо сокинон роҳандозӣ шудааст.

Мулоқоти навбатии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон дар толори МТМУ №76-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар раванди ҳамоиши маърифатӣ масъулони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ баромад намуда, бандҳои Паёмро ба сокинон шарҳ доданд.

Гуфта шуд, ки зимни ироаи Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро таҳлил намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд. Ин ҳама бо рақамҳои мушаххас дар ҷараёни ин мулоқот ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид. Бо ишора ба нуқтаҳои Паём таъкид шуд, ки «танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст».

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"