image

Озмун барои дарёфти стипендияи раиси ноҳия

date_range28.01.2023, 13:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye307

Барои дастгирии хонандагони болаёқат ва фаъоли муассисаҳои таълимии мамлакат стипендияҳои гуногун амал менамояд, ки ҳамасола бо иштирок дар озмунҳои он таълимгирандагони фаъол гирандаи стипендияҳо мегарданд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар барори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ҳамзамон дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт аз стипендияҳои раисони ноҳияҳои шаҳр баҳравар мегарданд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат озмун миёни хонандагони фаъол барои муайян намудани гирандагони стипендияи раиси ноҳия баргузор шуд. Дар раванди ин озмун роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва довталабон ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 40 нафар хонандагони фаъол, ки пурра ба талаботи озмун ҷавобгӯ мебошанд, гирандаи ин стипендия мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин идрорпулиҳо барои ҳавасмандии бештари хонандагони фаъол ва ҳамчун намуна муаррифӣ намудани донишу рафтор ва одобу ахлоқи онҳо мусоидат менамояд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"