image

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ доир гашт

date_range27.01.2023, 15:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Шурӯъ аз 9-уми январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани нуқтаҳои асосии он дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон вохӯриҳо оғоз гардида, идома доранд.

Ин навбат бо сокинони маҳаллаҳои Амиршоев, Чашмасор Сурхоб, Заҳматобод ва ва КВД "Манзилхизматрасони 3"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муасссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрӣ доир карданд.

Иштирокдорон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодаанд.

Тавассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд - зикр карда шуд, дар ҷараёни мулоқот.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"