image

СҲШ ДАР ҶАҲОНИ ТАҒЙИРЁБАНДА: РОҲ БА СӮЙИ САММИТИ НЮ ДЕҲЛӢ

date_range31.01.2023, 15:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye242

Дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти пешбаранда ва татбиқкунандаи сиёсати ҷаҳонӣ дар соҳаи об, таҳти унвони “СҲШ дар ҷаҳони тағйирёбанда: роҳ ба сӯи Саммити Ню Деҳлӣ” дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар ҳамаи шарикони Марказ, аз ҷумла сафирон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозир, ниҳодҳои дипломатияи ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи илмӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханронии масъулин иброз гардид, ки Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 - 2010 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” далели равшани фаъолияти амалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. 

Дар идомаи мизи мудаввар иштирокдорон назару андешаҳои хешро вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об иброз намуда, қайд карданд, ки воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии худ бо назардошти захираҳои бойи обӣ, сиёсати миллии обро муваффақона ва натиҷабахш амалӣ намуда истодааст. 

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"