Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2023
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якум ва дуюми озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 феврали соли 2023
№АП-329
Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329
Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд гузаронида мешавад.
2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
II. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
3. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.
6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
III. КОМИССИЯИ ОЗМУН
7. Барои гузаронидани озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссияи озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
8. Салоҳияти комиссияи озмун:
— таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми озмун;
— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;
— муайян намудани ҷойи баргузории даври дуюми озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
— интихоби дурусти асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн;
— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
— тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун;
— ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.
IV. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
9. Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:
— даври якум — моҳи май-июни соли 2023 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
10. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад.
11. Протоколи даври дуюми озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва раиси ҳакамон ба комиссияи озмун ба даври сеюм пешниҳод мешавад.
12. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.
13. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 1 сентябр муқаррар карда мешавад.
14. Рафти даврҳои озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио ба таври васеъ тарғиб карда мешаванд.
V. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
15. Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди композиторон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
16. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:
— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);
хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон).
17. Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои озмунро комиссияи озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.
18. Довталабоне, ки дар даври якуми озмун тибқи раддабандии синусолӣ ба қайд гирифта мешаванд, то даври сеюм ба ҳамин тартиб иштирок менамоянд.
19. Дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, сарояндагону навозандагон ва рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, иштирок намекунанд.
20. Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.
21. Ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
22. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмунро пайдо мекунанд.
23. Раддабандии синнусолӣ ба таври зайл сурат мегирад:
номинатсияи композиторӣ:
— аз 18 то 40-сола.
номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн:
— аз 12 то 17-сола;
— аз 18 то 40-сола.
24. Дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
25. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.
26. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Шакли шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.
27. Баромади иштирокчиёни озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қурапартоӣ сурат мегирад.
28. Иштирокчиёни номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн дар даврҳои дуюм ва сеюм асарҳои худро пешниҳод менамоянд.
VI. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
29. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— композиторӣ;
— сарояндагӣ;
— навозандагӣ;
— санъати тасвирӣ;
— дизайн.
30. Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзӯи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.
31. Ба озмун дар номинатсияи санъати тасвирӣ асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯи матоъ (холст) ё коғаз сохта шудаанд. Барои офаридани асар аз навъҳои зерини масолеҳ бояд истифода карда шавад: чӯб, метал, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.
32. Нусхабардории асарҳои рассомони машҳур аз сомонаҳои интернетӣ қатъиян манъ аст. Асари офаридашуда бояд бе ёрии падару модарон ва устодон тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он маълумоти зерин қайд карда мешавад: номинатсия, номи асар, насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии озмун, номи муассиса, суроғаи ҷои истиқомат ва роҳбари рассомӣ.
33. Ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бояд андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва 80х100 см бошанд.
34. Ҳар як иштирокчӣ метавонад ба озмун на бештар аз 3 (се) асар пешниҳод намояд.
35. Асарҳое, ки дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба соҳибонашон баргардонида намешаванд.
36. Дар озмун ба асарҳои тозаэҷод, симои зоҳирӣ ва сару либоси саҳнавии иштирокчиён афзалият дода шуда, ба такрори суруду оҳангҳо, асарҳои рассомӣ ва дизайнерӣ дар даврҳои озмун роҳ дода намешавад.
37. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.
1) талаботи номинатсияи композиторӣ:
— дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;
— иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, калонҳаҷм, консерт, фантазия, поэма, сонато, сонатино, вариатсия, пиеса, ариозо, романс, суруд, кантата (симфонӣ, балет, опера, оперетта, оратория), инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб коллоквиуми тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;
— асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд;
— дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;
— ҳангоми баҳогузорӣ ба техникаи композиторӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзуъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад;
— хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз коллоквиуми тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;
2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:
— дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар даври озмун як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;
— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
— дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад;
3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:
— дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;
— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
— дар пешниҳоди навозандагон ба сабақҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.
4) талаботи номинатсияи санъати тасвирӣ:
— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии номинатсияи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд.
5) талаботи номинатсияи дизайн:
— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии номинатсияи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд.
38. Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 10 дақиқа ва дар даври сеюм то 20 дақиқа муайян мегардад.
VII. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
39. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи озмун тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.
40. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри то 10 хол тариқи овоздиҳии кушода ғолибонро муайян мекунад.
41. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи озмун салоҳияти ҳалли онро дорад.
VIII. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
42. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, будубош дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
43. Ғолибони даври якуму дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
44. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.
45. Ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи композиторӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
46. Омӯзгороне, ки шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
47. Омӯзгорони довталабон дар он сурат ҳавасманд гардонида мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассисаро дар хусуси омӯзгори воқеӣ будан пешниҳод намоянд.
48. Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
49. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро барои ғолибони даври якум ва дуюми озмун раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
50. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
IX. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН
51. Барои иштирок дар даври сеюми озмун ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:
а) барои рассомон ва дизайнерон:
— маълумот дар бораи довталаб;
— нусхаи шиноснома (шаҳодатнома);
— маълумотнома аз роҳбари муассисаи таълимӣ;
— 4 дона сурати 3х4;
— асарҳое, ки аз даври дуюми озмун гузаштаанд;
— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии рассомӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн (барои гурӯҳи касбӣ).
б) барои композиторон, сарояндагон ва навозандагон:
— маълумот дар бораи довталаб;
— асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;
— сабти нотавӣ (тибқи талаботи озмун);
— матни шеърҳо дар се нусха;
— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).
52. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи озмун онро баррасӣ менамояд.
53. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.
X. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ИФТИХОРӢ
54. Ба ғолиби беҳтарин Ҷоизаи ифтихорӣ дода мешавад.
55. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.
56. Ҷоизаи ифтихорӣ ба иштирокчие дода мешавад, ки дар композиторӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ҳунарҳои наққошиву дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст.
XI. ИМТИЁЗҲО
57. Соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар гурӯҳҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
58. Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329
Ҳайати
комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) — раиси комиссияи озмун;
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи озмун;
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – котиби Комиссияи озмун.
Аъзои комиссияи озмун:
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон.
Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «2» феврали соли 2023,
№АП-329
Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
1. Номинатсияи композиторӣ (аз 18 то 40-сола)
Таъйиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
Жанри академӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри анъанавӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри эстрадӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Ҷамъ |
15 | 345 000 |
2. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ |
Шумораи |
Маблағи |
Жанри академӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри анъанавӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри эстрадӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Ҷамъ |
15 | 345 000 |
3. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ |
Шумораи |
Маблағи |
|
Жанри академӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри анъанавӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри эстрадӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Ҷамъ |
15 | 345 000 | ||
4. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
|
Жанри академӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри анъанавӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри эстрадӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Ҷамъ |
15 | 345 000 | ||
5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 40-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
Жанри академӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 20 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри анъанавӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри эстрадӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Ҷамъ |
15 | 345 000 |
6. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
|
Жанри санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра) |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб) |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Ҷамъ |
10 | 230 000 | ||
7. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 18 то 40-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
|
Жанри санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра) |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб) |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Ҷамъ |
10 | 230 000 | ||
8. Номинатсияи дизайн (аз 12 то 17-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
|
Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ |
||||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 | |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 | |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 | |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | ||
Ҷамъ |
10 | 230 000 | ||
9. Номинатсияи дизайн (аз 18 то 40-сола)
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як |
Шумораи |
Маблағи |
Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ |
|||
Ҷойи якум | 35 000 | 1 | 35 000 |
Ҷойи дуюм | 25 000 | 2 | 50 000 |
Ҷойи сеюм | 15 000 | 2 | 30 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 115 000 | |
Ҷамъ |
10 | 230 000 | |
Ҷамъи бандҳои 1-9 |
115 | 2 645 000 |
10. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун
ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд
№ |
Таъиноти хароҷот |
Маблағ |
Шумораи |
Маблағи |
1 |
Шоҳҷоиза |
10 000 | 4 | 40 000 |
2 |
Ҷойи якум |
10 000 | 10 | 100 000 |
3 |
Ҷойи дуюм |
10 000 | 20 | 200 000 |
4 |
Ҷойи сеюм |
10 000 | 20 | 200 000 |
Ҳамагӣ |
54 | 540 000 |
11. Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза)
№ |
Таъиноти хароҷот |
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагиран-дагон |
Маблағи |
1. | Номинатсияи композиторӣ |
50 000 | 1 | 50 000 |
2. | Номинатсияи сарояндагӣ |
50 000 | 1 | 50 000 |
3. | Номинатсияи навозандагӣ |
50 000 | 1 | 50 000 |
4. | Номинатсияи санъати тасвирӣ |
50 000 | 1 | 50 000 |
5. | Номинатсияи дизайн |
50 000 | 1 | 50 000 |
Ҳамагӣ |
5 | 250 000 |
12. Хароҷоти иловагӣ
№ |
Таъиноти хароҷот |
Маблағи умумӣ |
1. | Омода кардани ҷоми Шоҳҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷоти дигар | 315 000 |
13. Маблағи умумӣ
№ |
Таъиноти хароҷот |
Шумораи умумӣ |
Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) |
1. |
Ҷоизаҳо аз рӯйи номинатсияҳо | 115 | 2 645 000 |
Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза) |
5 |
250 000 |
|
2. |
Барои омӯзгорони иштирокчиёни ғолибомада |
54 |
540 000 |
3. |
Хароҷоти иловагӣ |
— |
315 000 |
Ҳамагӣ |
174 |
3 750 000 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ