Натиҷаи фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли 2022
Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ба намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иттило дод. Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон иброз намуд, ки омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2022-ро бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ҷамъбаст намуданд, зеро дар ин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмату талошҳои роҳбарият ва устодони Донишгоҳро қадр карда, ба Донишгоҳ мақоми байналмилалиро доданд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёхӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои олии таълимие дар кишвар мебошад, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногун аз қабили соҳаи сайёҳиву меҳмондорӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, саноатикунонӣ ва дигар соҳаҳо саҳм дорад. Инчунин дар донишгоҳ шӯруъ аз имсол кафедраи ҳарбӣ ба фаъолият оғоз намудааст, ки ин баҳри тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мусоидат менамояд, гуфта шуд зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо рӯзноманигорон.
Дар ин давра раёсати донишгоҳ вобаста ба баланд бардоштани иқтидори илмии кафедраҳои равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ корҳои назаррасро анҷом дод, ки дар натиҷа иқтидори илмӣ дар ин самт наздик ба 59 фисад расонида шуд. Боиси қайд аст, ки ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва мақомоти ваколатдори соҳа танҳо дар соли 2022 се маротиба олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, раёсат ва кормандони Донишгоҳ тамоми ғайрату маҳорати худро ба он равона намуданд, ки сифати таҳсилот бозҳам беҳтар гардад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ-техникӣ ба вуҷудоварда шудааст, балки маҷмуи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардидааст, ки дар натиҷа сифати таълим то андозае боло рафтааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ