image

Ҷамъбастии фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Шоҳмансур дар давоми соли 2022

date_range16.02.2023, 11:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур доир ба ҷамъбастии фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар давоми соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни баргузории нишасти хабарӣ роҳбарият ноҳияи Шоҳмансур бо рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои континенти умумии даромадҳо аз ҳисоби андозсупорандагони ноҳия ба андозаи 101,1 фоиз таъмин карда шуд. Қисми даромади буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ наздик ба 107 фоиз иҷро гардид.

Зикр шуд, ки дар ин давра корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 512 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53, 3 миллион сомонӣ зиёд ё наздик ба 111 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил менамояд.

Қайд гардид, ки дар ҳудуди ноҳия 5 адад корхонаҳо фаъолият менамаояд, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 маҳсулоти худро ба маблағи 10 миллиону 119 хазор долари ИМА ба хориҷа содирот кардаанд.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Шоҳмансур 1023 гектар майдони умумии кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ мавҷуд буда, аз он 10 гектар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, наздик ба 487 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 527 гектар заминҳои хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад. Дар заминҳои ба ҳудуди ноҳия воридгардида 272 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки дар ихтиёри худ 486 гектар заминҳои обӣ доранд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"