Дар соли 2022 бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 465 адад хонаҳои истиқоматӣ бартараф карда шуд
Бо назардошти иртиботи қавӣ доштани бештари масоили иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ба иҷрои нақшаҳои андоз ва пуррагардонии буҷет роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар соли 2022 бо татбиқи тадбирҳои мушаххас дар самти истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода дар соли гузашта нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ дар ноҳия ба андозаи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 895,4 миллион сомонӣ ворид карда шудаааст, ки нишондоди мазкур аз нақшаи пешбинигардида 16,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2021-ум 10,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Руслан Қодирзода иттилоъ дод, ки дар соли гузашта дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 8 корхонаву коргоҳи нав бо 750 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 517,3 миллион сомонӣ расонда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи пойтахти мамлакат 81 арзёбӣ гардид. Дар ин сол дар доираи иҷрои ҳадафҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, бо соҳибкорону шахсони алоҳида ҳамкории зич ба роҳ монда шуд. Иброз гардид, ки дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби соҳибкорон бунёди зиёда аз 56 хонаҳои истиқоматии баландошёна ба таври замонавӣ идома дорад ва дар соли гузашта 139 ҳазору 500 метри мураббаъ биноҳои баландошёна ба истифода дода шудааст.
Ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бовусъат идома дошта, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 830 чорабинӣ дар самту соҳаҳои гунонун, аз ҷумла саноату роҳдорӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳо амалӣ мегардад. Дар соли гузашта аз нақшаҳои пешбинигардида ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 109 чорабинӣ, аз ҷумла дар соҳаои саноату маориф, хизматрасонӣ ва коммуналиву рангубори биноҳои истиқоматӣ амалӣ гардида, дастовардҳои мушаххас ба миён омадааст.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ