image

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии н.Синои ш.Душанбе

date_range17.02.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye374

Соли 2022 буҷети ноҳияи Сино аз рӯи контингенти умумӣ ба маблағи 996 миллион сомонӣ ё 103 фоиз таъмин гардид. Дар ин замина ба буҷет 24 миллион сомонӣ маблағ барзиёд ворид гардид, қайд шуд зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии н.Синои ш.Душанбе.

Дар ҷараёни нишасти матуботии роҳбарияти ноҳияи Сино зикр шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 243 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 72 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар соли сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағӣ 262,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 121,8 фоизро ташкид медиҳад.

Инчунин гуфта шуд, ки дар соли 2022 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда дар маҷмуъ 14 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 – 3018 нафар зиёд мебошад. Дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3736 хонанда, 3 муассисаи таълимии томактабӣ барои 400 ҷой, 1 бинои маъмурӣ, 4 иншоотҳои варзишӣ ва 8 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 179 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон зимни баромади роҳбарияти ноҳия гуфта шуд, ки аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳо 1113 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 574 нафарашон дар байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки н.Сино аз ҷиҳати гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар байни ноҳияҳои ш.Душанбе дар ҷойи аввал мебошад.

Зикр рафт, ки муроҷиати шаҳрвандон низ дар ноҳия саривақт баррасӣ шуда, ба сокинон дар муҳлатҳои муайян ҷавоб гардонида мешавад.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ миёни хабарнигорон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино саволу ҷавоб сурат гирифт.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"