image

Аёдати сарбозон аз ҷониби намояндагони МИҲД ноҳияи Сино

date_range23.02.2023, 12:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye218

Баъди ба Истиқлолият ноил шудан, дар ҷумҳурӣ Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатиро таҳти назорати доимии худ гирифт ва осоиштагӣ ва оромии шаҳрвандон таъмин карда шуд. Ҳамин аст, солгарди санаи таъсисёбии он дар сатҳи зарурӣ хамасола қайд мегардад.

Дар чорабинии навбатӣ, ки дар қисми низомии 12019 доир шуд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, хонандагони Литсей-интернати Президентӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 94-и ноҳияи Сино иштирок намуданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва хонандагон силоҳу муҳимоти ҷангии қисми низомиро тамошо намуданд. Сарбозон бо завқи том ба хонандагон чӣ тавр истифода намудани силоҳро омӯзониданд. Ҳамзамон саёҳати хонандагон дар дигар қисматҳои ин воҳиди низомӣ идома ёфт.

Қабл аз оғози қисмати фарҳангии чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино афсарону сарбозонро бо ин санаи фархунда ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"