image

Муҳофизи Ватан-қаҳрамони ҳама давру замон. Вохӯрии намояндагони Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар МТМУ №8

date_range23.02.2023, 15:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

Бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистони дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таъсисёбии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад-вохӯрӣ дар мавзӯи “Муҳофизи Ватан-қаҳрамони ҳама давру замон” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад намояндагон аз Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илм, ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд. Тавре дар чорабинӣ зикр шуд, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳимоятгари асили ин марзу бум фаъолият намуда, ҳоло ҷавонони далеру шуҷои Ватан сарбаландона дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда истодаанд.

Сипас аз ҷониби масъулони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ бахшида ба таъсисёбии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Пешниҳоди сурудҳо дар васфи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ аз ҷониби хонандагон ҷолиб ва хотирмон буд. Ҳамин аст, ки он аз ҷониби аҳли толор хеле хуш истиқбол шуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"