image

Чорабинии идона ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳияи Сино

date_range24.02.2023, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Дар доираи тантанаҳои идона ба муносибати 30 солагии Қувааҳои мусаллаҳи ҶТ намояндагони МИҲД-ии н.Сино, волидон ва гурӯҳе аз фаъолзанони ноҳия ба аёдати сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия омаданд. Ҳамзамон онҳоро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонони сини давъатӣ ҳамроҳӣ намуданд. Ин амал дар заминаи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино роҳандозӣ шуд.

Дар ҷараёни чунин тадбирҳои маърифатӣ ва хусусияти ватандӯстидошта хонандагон бо сарбозон суҳбати гарму самимӣ доир намуда, бо ҳаёти сарбозӣ шинос шуданд. Истифодаи навъҳои гуногнуи ярорқу аслиҳаи ҷангӣ ба назари ҷавонони синни давъатӣ бештар ҷолиб буд ва ҳаваси онҳоро барои ҳимояи марзу буми кишвар бештар намуд.

Сабқатҳои варзишӣ низ миёни сарбозон ва ҷавонони синни давъатӣ, инчунин хонандагони муассисаҳои таълими ҳудуди ноҳия ҷолиб сурат гирифт.

Бо иштироки роҳбарияти ноҳяи Синои шаҳри Душанбе дар ин қисми низомӣ ҳамоишҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд багузор шуд. Зимни баромади худ раиси ноҳияи Сино дар баробари шодбошии афсарону сарбозон, инчунин доир ба роҳи тай намудаи артиши миллӣ ва дастоварду музаффариятҳои он дар давоми 30 сол андешаҳояшро баён дошт. Таъкид рафт, ки ин рисолатро нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳ сарбаландона иҷро намудаистодаанд. Зикр рафт, ки ҳоло дар воҳиду сохтоҳои низомии мамлакат шароити созгор барои хизмат муҳайё мебошад.

Чун анъанаи нек аз ҷониби МИҲД-ии н.Сино барои сарбозон хони идона ороста шуд. Чорабинии рангини фарҳангӣ боиси хушҳоливу болидарӯҳии сарбозон гардид.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"