Таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо ибтикори масъулини ноҳияи Фирдавсӣ
Макони имсолаи чорабинии асосии ноҳияи Фирдавсӣ ба муносибати 30 солагии Қувваҳои мусаллаҳ ин толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон интихоб гардидааст. Роҳбарияти ноҳия нахуст дар саҳни донишгоҳ бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни он шинос шуда, дар сабқатҳои варзишӣ, ки миёни сарбозон ва ҷавонони синни давъатӣ баргузор шуд ширкат намуданд.
Бо ворид гардидани Парчами давлатӣ ба макони тананаҳои идона чорабинии ҷашнӣ дар ин ноҳияи шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Коммисариати ҳарбии ноҳия, сохторҳои дигари марбутаи ноҳиявӣ ва афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тавре зимни баромади худ Раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъкид намуд Артиши милӣ дар шароити муракабби сиёсӣ ва вазъи ноороми кишвар бе заминаи моддию техникӣ бо иродаи шикастнопазири сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, бо таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат тадириҷан ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Қадрдонии намояндагони сохтору мақомоти марбутаи ноҳияи Фирдавсӣ ба ин муносибат аз бахшҳои дигари чорабинии ноҳиявӣ ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30 солагии Қуваҳои мусаллаҳи кишвар буд.
Бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона аз ҷониби санъаткорон чорабинии тантанавӣ шукӯҳи дигар пайдо намуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ