ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти соҳавии ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи гуманитарӣ дар соли 2025, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати ҷавонон, густариши табодули таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳияи санадҳои барномавӣ, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт барои солҳои 2027-2028 равона шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкории кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, инноватсионӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо, инчунин масъалаҳои мубрами фаъолияти минбаъдаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






