Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев
шаҳри Душанбе 11.10.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Владимир Кухарев вохӯрӣ наҷом доданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Беларус мавриди музокирот қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ, ки аз мулоқотҳои мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат маншаъ мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки шаҳрҳои Минск ва Душанбе дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни ҳол миёни соҳибкорон ва корхонаҳои тиҷоратии шаҳрҳои Душанбе ва Минск ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ташкили корхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Иштирокчиёни мулоқот омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб ва миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг низ таъкид намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ