image

Рӯзҳои 4-6 март дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

date_range04.03.2025, 10:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye38

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат рӯзҳои 4 то 6 марти соли ҷорӣ вазъи тағйирёбандаи ҳаво боқимонда, ҳавои бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ин давра дар шаҳри Душанбе рӯзона то 14 дараҷа гарм ва шабона то 2-5 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.

Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯзи баҳорӣ - 3 ва 4 март вазъи ҳаво ҳамингуна буд, яъне бориши барф ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву тормеғ ба қайд гирифта шуда буд, ки инро дар илми кайҳоншиносӣ такроршавии нишонаҳои табиат медонанд.

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, бино ба гуфти кормандони Агентии обуҳавошиносии кишвар агар чӣ вазъи ҳаво майл ба гармӣ дорад, аммо нисбат ба солҳои қаблӣ сардтар аст. Дар аксар минтақаҳои кишвар боришоти барфу борон то даҳҳаи дуюми моҳи март идома карда, поинравии ҳаво низ хусусан дар баландкӯҳо пешгӯӣ карда мешавад.

Дар ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ин шабу рӯзҳо боришоти барф идома карда, то рӯзҳои 7-8 давом мекунад.

Дар шаҳри Душанбе то охири ҳамин рӯз, яъне 3 март бориши барф қатъ гардида, фаромадани тормеғ то рӯзи 4-5 ум дар назар аст.

Ба иттиллои таҳлилгарони соҳа дар маҷмӯъ моҳи марти имсола нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан сардтар аст ва ҳатто дар баъзе водиҳо ва минтақаҳои кӯҳии ғарби Бадахшон сардии ҳаво аз 12 то 17 дараҷа мерасад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"