image

Идомаи мулоқоти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо сокинони пойтахт

date_range10.10.2022, 10:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye436

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Сино мулоқоти раис ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо падару модарони хонандагон ва сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои атрофи муассисаи таълимӣ доир шуд.

Дар вохӯрӣ аъзои Шӯро изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд муддаст, ки бо сокинон ва иштироки нозирони минтақавӣ мулоқот доир гардида, дар ҷараёни он ҳисоботи нозирони минтақавӣ шунида мешавад.

Дар ин замина дар рафти мулоқот ҳисоботи сардори минтақаи хизматии маъмурии рақами 22-и шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шунида шуд.

Аз ҷониби раис ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои шурои ҷамъиятӣ як қатор вохӯриву чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст.