image

Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор»

date_range08.06.2023, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye217

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.

Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд. Аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор гардид.

Дар доираи ин чорабинии байналмиллаӣ аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо нишони фахрии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Аннагелдӣ Язмирадов ва дигар аъзои ҳайати мушовара ҷоизаҳоро супорид.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"