image

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range08.06.2023, 14:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар толори Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» намояндагон аз МИҲД-и ш.Шоҳмансур, шуъбаи маорифи ноҳия ва ғолибони озмун иштирок намуданд.

Зимни баромади намояндаи МИҲД-и н.Шоҳмансур қайд карда шуд, ки Озумни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир карда мешавад. Дар раванди чорабинӣ ғолибони озмун бо ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи талаботи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонун қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад. Ҳамин тавр аз миёни 538 нафар иштирокчиёни озмун 132 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд, ки миёни хонандагони МТМУ-и пойтахт ва дигарон донишҷуён ва ходимони илм мебошанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"