image

Нақш ва мақоми фарҳанг дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ бузургу муассир аст

date_range16.06.2023, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye325

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар чорабинӣ таҳти унвони «Нақши фарҳанг дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони масъули соҳаи фарҳанг ва муассисаҳои илмии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Масъулин зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуданд, ки низоми арзишҳои умумибашарӣ, арзишҳои алоҳида, аз қабили истиқлоли давлатӣ, ҳуввияти миллӣ, хештаншиносӣ, худогоҳи миллӣ ва нақши он онҳо дар пойдевори асосии рӯзгори инсоният ниҳоят муҳим аст.

Дар чорабинӣ ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён мавзӯъҳои ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллӣ-ҳифзи давлатдории миллӣ, нақши фарҳанг дар баланд бардоштани арзишҳои миллӣ, омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддӣ тақозои замон, шуури мудофиавии ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ чун омили ташаккули худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, нақши фарҳанги маънавӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ баррасӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ бахше аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзиву чакан ва дигар нақшу нигори миллӣ ба намоиш гузошта шуд. Идомаи чорабиниро навозиш ва суруду оҳангҳои дилнишини ҳунармандон ҷилои тоза бахшид.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"