Ваҳдати миллӣ-кафили мондагории миллату давлат. Баргузории Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар ноҳияи Сино
Дар Мактаби муосири байналмилалии Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-кафили мондагории миллату давлат» доир шуд. Дар кори кофнронс вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, олимону коршиносон ва фаъолони ноҳияи Синои пойтахт ширкат варзиданд.
Нахуст масуълини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино конфронсро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.
Ҳамзамон дар идомаи кори конфренсия вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии қайд намуданд, ки воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Олимону донишмандон ва дигар коршиносон низ дар идомаи кори конференсия андешаҳои худро баён намуданд. Зикр ёфт, ки пеш аз ҳама, ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати мо шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ