image

Маросими пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва наврасон "Истеъдодҳои наврас"

date_range30.06.2023, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye191
ш. Душанбе. 29.06.2023. Дар Кохи «Суруш»-и пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими тантанавии пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас”, ки аз 26 то 30 июни соли 2023 идома ёфт, баргузор гардид. Дар маросими пӯшидашавии Фестивали мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди дохилу хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе – Одилзода Дилбар Раҳим ҳусни оғоз бахшида, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни Фестивал ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо ва Душанбешаҳри дилоро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, ки санаи 27.06. 2023 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида буд, сурат гирифт ва ғолибон бо Дилом ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти Фестивал қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдрас бояд шуд, ки дар “Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон - «Истеъдодҳои наврас» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Екатеринбурги Федератсияи Россия, Ташкент, Нукус ва Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марказҳои эҷодии таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона иштирок доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.