image

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид

date_range10.07.2023, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye424

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва ноҳияи Фиравсии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт намоиш -фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат аз бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд. Дар намоиш-фурӯши кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун як дона тухми мурғ бо нархи 70 дирам, як киллограм пиёз 1 сомонию 50 дирам, картошака 4 сомонӣ, помидор 3 сомонӣ, бодиринг 4 сомонӣ, карам 2 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ, тарбуз ва харбуза 10 сомонӣ, гушти чорво 55 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд. Сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун изори хушҳолӣ намуда, маҳсулоти ниёзи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Сипас дар қисмати бегоҳ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун чорабинии зебои фарҳангӣ бо баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинии фарҳанги ҳозирин аз дастовардҳои сокинони ин ноҳияи аграрии кишвар ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Сипас аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд. Зимни ифтитоҳи чорабинии навбатӣ масъулин сухан карда қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азизамон дар муддати кӯтоҳ бо комёбиҳои азиме ноил гардидааст ва дар ҷаҳони муосир мақоми худро пайдо кардааст.

Барномаи фарҳангӣ бо дастагули шеъру таронаҳо, ки муҳтавои он васфкунандаи садоқату вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ буд, хотири ҳозиринро шод намуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"