Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шаҳринав дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Хайём
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Хайёми пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд. Сокинони пойтахт, алалхусус ноҳияи Сино ба ин боғ омада, маҳсулотҳоро аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шаҳринав бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ карданд.
Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.
Дар қисмати дигари Боғи “Хайём”-и пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии зебои фарҳангӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ ҳозирин аз дастовардҳои сокинони ин ноҳияи аграрии кишвар дидан намуданд. Ҳунармандони чирадасти ин ноҳия дар як гӯшаи боғ намунаи ҳунарҳои худро намоиш доданд. Боиси зикр аст, ки дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Шаҳринав низ рушд намуда, имрӯзҳо занону бонувони ноҳия бо ҳунару маҳорати дӯзандагиву пазандагӣ шинохта мешаванд.
Дар намоиш сокинони ноҳияи Шаҳринав тамоми намуди маҳсули ҳунарҳои мардумиро сар аз гулдӯзиву чакандӯзӣ то ба таъомҳои миллӣ, дуредгариву сабадбофӣ ва ғайраро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Сипас аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Шаҳринав баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ масъулин суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниву барномаҳои фарҳангиро иқдоми муҳим маънидод карданд. Ба таъкиди ноттиқон маҳз дар ин гуна чорабиниҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкон пайдо мекунанд, ки дастовардҳои худро ба намоиш гузоранд ва ҳунару маҳорати худро муаррифӣ кунанд.
Баъд аз суханрониҳо барномаи фарҳангии аҳли санъату ҳунари ноҳияи Шаҳринав пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ