image

Дар Боғи "Хайём" намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Панҷакент доир шуд

date_range15.07.2023, 22:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye800

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳанги шаҳри Панҷакент дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, масъулини МИҲД-и шаҳри Душанбе ва дигар масъулини дахлдор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хайём» баргузор гардид.

Дар ин ҷо аҳли ҳунар ва заҳматкашони шаҳри Панҷакент намоиши бушукуҳро барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор намуданд, ки ҷолибу диданӣ буд. Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархи арзон пешниҳоди харидорон карданд, ки бо истифода аз ин имконот сокинони ноҳия Сино маҳсулоти ниёзи аввалияро аз ин тадбир харид карданд.

Барои иштирокчиёни намоиш, маҳсулоти тару тозаи полезӣ, сабзавот, маҳсулоти донагиро ба фурӯш бароварданд, ки ҳамаи он самараи заминҳои ҳосилхези шаҳри Панҷакентант.

Ҳамчунин бо нархи нисбатан арзон ба сокинон гӯшт ва гӯшти парҳезии моҳӣ, тухм, гӯшти мурғ дар намоишгоҳ ба фурӯш бароварда шуд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳр феълан рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамаҷониба таъминт гардида, ҳар порча замин самараноку оқилона истифода бурда мешавад, ки намоишгоҳи имрӯза бозгӯи рушди соҳаву ҳосили фаровони заминҳо буд.

Дар ин тадбир ҳамчунин намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои шаҳр низ доир карда шуд, ки аз таърихи гузаштаи Панҷакенту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он қисса мекард.

Муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, чӯбтарошону куллолгарон, рассомону тарроҳони сару либос гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил намуда, барои тамошову истироҳати сокинон фазои мусоиду ҷолибро ташкил карданд. Ба хусус ба намоиш гузоштани аксу бозёфтҳо аз Саразми қадима барои тамошобинон ҷолибу диданӣ буд. Ин намоишгоҳ саро сар аз дирӯзу имрӯзи Панҷакенти бостонӣ ба иштирокчиён маълумот медод.

Дар гӯшаи дигари боғ намоиши таомҳои миллӣ аз ҷониби таомпазони маъруфи шаҳр доир карда шуд. Таъомҳои лаззизу миллиро дар назди иштирокчиён табоҳҳон омода кардаву пешниҳод намуданд.

Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ, тадбири мазкур омили хуби ғанисозии дастархони сокинони пойтахт, дастрассозии маҳсулоти тару тоза бо нархи арзон ба шаҳрнишинон маънидод карда шуд ва иброз гардид, ки ба ин шева инчунин равобит миёни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боз ҳам бештар тавсеа меёбад.

Дар ин рӯз ҳунармандони маъруфи шаҳри Панҷакент, дастаҳои рақсии он, навозандагони мумтоз барномаи бошукуҳи консертиро манзури иштирокчиён карданд.

Раҳими Карим 

"ТВ Душанбе"