Дар саҳни Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Нуробод баргузор шуд
Картошкаю пиёз, орду равған, памидору бодиринг, шарбати меваҳо ва дигар анвои хӯроковорӣ аз ҷумлаи маҳсулоти полезие буданд, ки кишоварзони ноҳияи Нуробод дар саҳни Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба намоиш гузоштанд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, масъулин ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи муайянгашта, вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Нуробод ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи 25-30% нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод шуд, аз ҷумла 1 кг картошка аз 4 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ