Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии ноҳияи Файзобод доир гардид
Роҳбарият ва ҳунармандону кишоварзони ноҳияи Файзобод низ дар баробари дигар ноҳияҳои ҷумҳури ин навбат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии хешро ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешкаш намуданд. Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Файзобод тавонистан бо ҳунару маҳорати волои хеш қайлби сокинони пойтахтро болида созанд.
Дар ин рӯз даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғатии «Хайём» бо як тарзи зебову дидани бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва ҳунархои мардумӣ, ки тоза истеҳсоли корхонаву муассиса ва маҳсули дастии сокинони ноҳияи Файзобод буданд оро дода шуда буд. Дар даромадгоҳи ин муассисаи фарҳангӣ маҳсули ҳунарҳои дастӣ аз қабилӣ кандакори, кулолгарӣ, дарздузӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, чубтарошӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ, ба маъраз гузошта шуда буд. Дар ин рӯз масъулин ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ доир намудаи масъулину кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дидан карда, тадбири мазкурро дар густариш додани фарҳанги миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи татбики иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардуми то имрӯз даҳҳо муассисаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил шуда, ба фаъолият огоз намуданд. Дар гӯшаи дигари ин макон кишоварзони ноҳияи мазкур ҳама намуд дастранҷи хешро, ки иборат аз меваҷоту сабзавот, обҳои ташнашикан, маҳсулоти гуштӣ, маҳсулоти шири, тухм, ва дигаронро, ки истеҳсоли корхонаҳои саноати ва кишоварзии ҳудуди ноҳия мебошанд ба маъраз гузоштанд.
Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд. Бояд гуфт, ки ин иқдом бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва бо нархи нисбатан арзон ва фароҳам овардани фароғату истироҳати онҳо роҳандозӣ шуда, метавонад барои пешгирӣ аз ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидат кунад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ