image

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Хуҷанд

date_range31.07.2023, 10:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye255

Дар асоси нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Хуҷанд пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Ҳамин гуна бо ҳашамати зиёд аз субҳи барвақт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хуҷанд пешниҳоди сокинони пойтахт гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва дигар сохтору ниҳодҳои давлативу сокинони пойтахт ширкат намуданд. Нахуст иштирокчиён аз маҳсулотҳои кишоварзии ин минтақа, ки бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардида буд боздид намуда, ба барзгарону сокинони ин минтақа барои ҳиссагузори дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат арзи сипос намуданд. Дар намоиш-фурӯш молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод шуда, имкон фароҳам овард, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз он баҳравар гарданд.

Дар баробари ин ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои саноатию дузандагӣ низ дар намоиш –фурӯш фаъолона иштирок дошта, маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Масъулин изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ин шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷумла, сокинони шаҳри Хуҷанд, махсусан занони ҳунарманди он дар гӯшаҳои алоҳида намунаи ҳунарҳои дастӣ, рассомӣ, нону хӯрокҳои миллӣ ва ғайраро намоиш доданд. Дар ин рӯз тамоми ҳунармандон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хуҷанд бо як руҳияи болида маҳсули дастранҷи худро, ки алоқамандони зиёд дорад пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд.

Баъд аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва таъомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ қистмати дуюми рӯз бошад барномаи мукамали фарҳангии санъаткорони шаҳри Хуҷанд саҳни боғро ранҷу ҷилои нав бахшид. Бо суханони шодбошиву ёдоварӣ аз дастоварду мувафақиятҳо роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баромад намуда, иқдоми мазкурро василаи шоистаи имконият ва дастовардҳои сокинон арзёбӣ карданд. Дар ин рӯз аҳли фарҳангӣ шаҳри Хуҷанд бо барномаи хуби консертӣ ки иборат аз шеърҳои ватандустона буд таъби ҳозиринро болида сохтанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"