image

"Ҳамроҳ бар зидди савдои одамон"-таҳти чунин унвон аксияи тақсими варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби Маркази худшиносии бонувон роҳандози шуд

date_range31.07.2023, 11:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye318

Бо мақсади ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба вазъи қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо Қарори СММ аз соли 2013 инҷониб дар саросари ҷаҳон 30-уми июл - рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одамон эълон карда шудааст.

Дар ин доира аз ҷониби Маркази худшиносии бонувони МИҲД шаҳри Душанбе иқдомҳои зиёде руи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла масъулини ин Марказ бо волонтёрон дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варақаҳои иттилооти тақсим карданд.

Ба гуфтаи масъулин ин иқдом барои фаҳмонидани аҳоли ва пешгирии савдои одамон заминаи хуб мегузорад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"