Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Роғун
Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома доранд. Ин навбат намоиши шаҳри Роғун дар Боғи Куруши Кабир баргузор гардид.
Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.
Дар намоиш – фурӯш кишоварзони Роғун маҳсулотҳои хушсифати ниёзи аввалияро ба монанди тарбузу харбуза, картошкаю пиёз, бодирингу помидор, гӯшту мева ва ғайраро бо нархи арзон пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд.
Маврид ба зикр аст, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ то нисфирӯзи идома ёфта, дар қисмати бегоҳи рӯз барномаи консертии омода намудаи ҳунармандони шаҳри Роғун манзури сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Тавре дар қисмати расмӣ гуфта шуд, барои миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои беназир дар арсаи таърих ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни истиқлол шукуҳмандона таҷлил мегардад ва ҳамоишу чорабиниҳои зиёде роҳандозӣ карда мешавад, ки боиси хушҳолии шаҳрвандон мегарданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ