image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Рӯшон баргузор гардид

date_range15.08.2023, 13:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye181

Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Рӯшон доир гардид. Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия шуғли асосии мардум зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хоси соҳаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянд ва ҳам ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Рӯшон ба парвариши чорво диққати махсус зоҳир гардида, масъулон дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.

Дар қисмати дуюми рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи мазкур пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"