Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Ба хотири таҷлили арзанда аз Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоимли Сомонӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки табибони пойтахт шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои таъмини солимии ҷомеа пайваста саҳм мегузоранд ва дар навбати худ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ меёбанд.
Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба роҳбаряити Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон сипоснома тақдтм гардида, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар ноҳия ба табибони фаъол низ ифтихорномаҳо супорида шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ