Баргузории ҳамоиши илмӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
“Мониторинги вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо” таҳти ин мавзуъ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин конфронс бо мақсади натиҷагирӣ аз раванди баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал роҳандозӣ шуд.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Тавре гуфта шуд, мақсади вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ ба хотири ташаккули низоми устувори муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои асосӣ (иқтисод, сиёсат, амният, соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғ.) ва бе таъсири беруна ба ин минтақа мебошад. Пӯшида нест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ байни давлатҳо масъалаҳои калидӣ, мисли делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо, танзими обу энергетика, тиҷорату иқтисод, иқлиму экология роҳҳои ҳалли дурусти худро мунтазир мебошанд. Ҳамчунин доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки яке аз чорабиниҳои сатҳи олӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад сухан рафт.
Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур масъалаҳои “Вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо”, “Натиҷаи мулоқоти душанбегии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”, “Мавқеъ ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир”, “Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа” ва “Дурнамои таъмини амнияти энергетикии ҶТ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ