image

"Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон - Қароқум" ба феҳристи асосии фарҳанги моддии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид

date_range22.09.2023, 10:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye396

17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, номинатсияи фаромиллии ёдгориҳои: "Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум" мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷавобгӯ будан якбора ба якчанд критерияҳо ва меъёрҳои соҳавии ЮНЕСКО аз Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ба Феҳристи асосии фарҳанги моддии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид.

Ба номинатсияи фаромиллии "Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмӯъ 31 ёдгориро дарбар мегирад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро дохил мебошанд.

Дар омоданамоӣ ва пешбарии ин номинатсияи фаромиллӣ коршиносон ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор аз Институти байналмиллалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва саҳми калидӣ гузоштаанд.

Ин яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба шумор рафта, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мамлакати мо таърих ва тамаддуни қадимаи ғанӣ дошта, он рӯз аз рӯз аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини башарӣ эътироф мегардад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин соли 2010 бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ворид шуда буд.

Ҳамзамон соли 2013 ёдгории табиию фарҳангии Парки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонӣ сабт шуда буд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовард ва сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳову ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳиби таърихи зиёда аз 5500–сола эътироф гардид. То ин муддат намунаи олии мероси фарҳангиву таърихии моддию ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла «Чакан», «Оши палов», «Шашмақом», «Рубоб», «Наврӯз», «Фалак», ҷойҳои таърихӣ «Саразм» ва ғайра ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудаанд.