Дар ДМТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ҳамоиши илмӣ доир гардид
Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо ташаббуси Маркази машваратии «Масъалаҳои бонкию қарзӣ»-и факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ доир гардид.
Чорабинии навбатиро, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, декани факултети ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар ва рушди минбаъдаи он мусоидат хоҳад кард. Зеро, чунин навъи ҳисоббаробаркунӣ на танҳо шаффофияти иқтисодиётро таъмин менамояд, балки барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуда ҳамзамон имкон медиҳад, ки назорати ҷараёнҳои молиявӣ тақвият ёбанд.
Ҳамзамон дар ҳамоиши навбатӣ, ки намояндагон аз бонкҳои кишвар ширкат доштанд, вобаста ба «Вусъатдиҳии ҳисоббарокуниҳои ғайринақдӣ тариқи низомҳои пардохтии байналмиллалӣ», ба ҳозирин маълумот доданд.
Иштирокдорон дар идома оиди таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар, ки яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд, маълумотдода иштирокчиёнро барои иҷрои фармони мазкур даъват намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, мусоидат ба рушди бахши молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Дшанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ