«Иқтисоди сабз-омили рушди иқтисоди миллӣ». Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи пажӯҳиш ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз дар доираҳои олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва ҳоказо баррасӣ мешавад.
Дар робита ба ин дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтисоди сабз-омили рушди иқтисоди миллӣ» ҳамоиши илми доир намуд. Зимни ҷамъомад қайд карда шуд, ки Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи улуми иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Иштирокдорон дар идома зикр намуданд, ки айни замон ҷомеа моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои гуногун фарқ мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кӯмаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос ёфтааст.
Мақсади Стратегияи мазкур- гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад.
Зимни баррасии маърузаҳои илмӣ зикр шуд, ки амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ