image

Пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои характери диниву террористӣ ва экстремистидошта

date_range26.09.2023, 10:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби бахши кор бо занон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи ҷиҳати пешгирии ҷавонону наврасон аз шомил шудан ба ҳаргуна гурӯҳои ифротӣ ва амалу кирдорҳои ғайр, пайваста мулоқоту вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таълими ва падару модари онҳо доир менамоянд.

«Пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои характери диниву террористӣ ва экстремистидошта». Чунин буданд мавзӯоте, ки масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза коррупсияи ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вохӯрӣ бо волидон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №42 мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Қайд гардид, ки ифротиён тавассути шабакаи интернетӣ, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи дар ҳоли рушди ҷавононро ба сӯйи худ гирифта, мағзшӯйӣ мекунанд. Онҳо бо истифода аз навиштаҷоте, ки дар таркиби матнашон мазмуну иттилооти ифротӣ доранд, ҷавононро гумроҳ мекунанд. Дар маводҳои видеоии баъзе сомонаҳо мафҳумҳои даъват ба таври оммавӣ паҳн мегардад, ки оқибати хатарзои онро наврасону ҷавонон эҳсос намекунанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"