Вусъати тадбирҳо ҷиҳати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ. Мулоқоти масъулини мақомоти андоз бо соҳибкорон
Намоянадгони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо масъулини шуъбаи нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат бо соҳикборон ва кормандони бозору марказҳои савдои ноҳия вобаста ба амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва пардохти андоз ва дигар боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ мулоқот анҷом доданд.
Масъулин зимни мулоқот изҳор доштанд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, №586) аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида истодааст.
Аз ҳамин лиҳоз аз соҳикборон ва дигар кормандони бозор даъват карда шуд, ки барои ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, воридоти ғайриандозӣ ва маблағи ҷаримаҳо, аз низоми эквайрингии Кумитаи андоз, ҳамёни электронӣ (замимаи мобилӣ) ва ПОС – терминалҳо, ки дар шуъбаҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” насб карда шудаанд, истифода намоед.
Вобаста ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти андоз бо як қатор бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати дар шакли ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ то ба имрӯз тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидааст.
Аз ҷумла ба соҳибкорон имокният дода шудааст, ки тавассути замимаҳои мобилӣ маблағи андозро пардохт намоянд ва дар баробари ин соҳибкороне, ки имокнияти пардохтҳои техникиро надоранд, метавонанд тавассути сомонаи кумтаи андоз аз хизматрасониҳои эквайрингии мақомоти андоз истифода намоянд.
Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби масъулин ба соҳибкорон баҳри пайдо намудани маълумоти иловагӣ ҳафтаномаи Боҷу хироҷ ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ