image

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик

date_range09.11.2023, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye269

Дар Тоҷикистон ҳунар ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шудааст. Ҳаминаст, ки дар кишвар ҳамасола 7-уми ноябр ҳамчун рӯзи Театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ масъулин аз ин рӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола рӯзи театр дар мамлакат бо иштироки аҳли ҳунар ва алоқамандони театр таҷлил мегардад. Ин навбат низ бо иштироки аҳли театрҳои пойтахт ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Тавре мавсуф иброз дошт, театр ва аҳли санъату ҳунар ҳамеша дар таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки аввалин маротиба дар кишвар 7 ноябри соли 1929 театр таъсис ёфта, он нахустин намоишномаи хешро манзури тамошобинон намуд. Аз ҳамон сол инҷониб дар мамлакат рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Соли 1933 театри мазкур ба номи адиб А.Лоҳутӣ гузошта шуд. Бо он сабаб, ки Лоҳутӣ барои рушду густариши театри мазкур дар он солҳо саҳми назарас гузошта буд.

Инчуни вазири фарҳанги мамлакат қайд намуд, ки айни замон дар кишвар 18 театр амал карда, 4 тои он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфтааст, ки соли равон 30 намоишнома таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардонида шудааст. Аз ҷумла соли равон дар моҳи октябр фестивали байналмилалии театрҳои Лӯхтак таҳти унвони "Чодари хаёл" баргузор гардид, ки дар он 5 театр аз хориҷи мамлакат ва 3- театр аз Тоҷикистон ширкат намуда, хотири тамошобинонро шод намуданд.

Инчунин таъкид гардид, ки нақши театрҳои мамлакат дар баланд гардидани маънавиёт ва одобу ахлоқи насли наврас бисёр назаррас мебошад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки соли 2023 дар мамлакат озмуни театрҳои касбии мамлакат таҳти унвони "Парасту" доир гардид,ки дар он театри давлатии академии русии ба номи Маяковский ба гирифтани шоҳҷоиза шарафёб гашт.

Дар идомаи ин ҳамоиши хотирмон ба бархе аз ҳунармандони театрҳои гуногуни шаҳри Душанбе нишони аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаю сипосномаҳо дар вазъияти тантнавӣ супорида шуд.

Дар интиҳо барои болидарӯҳии мухлисону дӯстдорони фарҳанг намоишномаи ҷолиб пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.

Қиёмиддинии Ҳомид
"ТВ Душанбе"