image

Мизи мудаввар таҳти унвони «Рӯзи ифтихори миллӣ ва нишасти тақдирсоз» ба муносибати Рӯзи Президент

date_range14.11.2023, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино мизи мудаввар таҳти унвони «Рӯзи ифтихори миллӣ ва нишасти тақдирсоз» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино ва роҳбарияту донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Баромадкунандагон вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд. Сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд.

Маърузачиён изҳор намуданд, ки вазъ то дараҷае мураккаб гардида буд, ки кам нафаре пайдо мешуд роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, истиқлолияти аз даст рафтаистодаро ҳифз намояд. Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯсте чун боду ҳаво барои миллат зарур буд. Дар айёми барои халқи тоҷик тақдирсоз дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод. Фарзанди фарзона ва далеру кордони халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассостарини таърихи миллат ҷасурона бори вазнини ҳокимиятро ба дӯши худ гирифтанд.

Зикр шуд, ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд.

Қайд шуд, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим- 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар радифи омодагиҳо ба он мехостем чанд андешаи худро баён созем ва ин матлаб гузориши тақвимӣ набуда, инъикоси воқеоти бебаҳсест, ки моли таърих гаштааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"