image

Таҷлили рӯзи Президент дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

date_range14.11.2023, 15:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони ин ниҳод ба муносибати рӯзи Президент ҳамоиш доир гардид. Гуфта шуд, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат мебошад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар кишвар санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи Президент нишони равшани эҳтирому самимият, рамзи ихлосу садоқат ва арзи эътимоду икром ба Сарвари давлат, мебошад.

Роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баромади худ таъкид намуданд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагие, ки имрӯз мо дар мамлакат дорем бо осонӣ ба даст наомадааст. Таъкид гардид, ки ҳама дастоварҳои мо, зиндагии орому осуда ва рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, пеш аз ҳама дар натиҷаи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Иштирокдорони ҳамоиш баён доштанд, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон, бахасус иқдомҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим дар арсаи ҷаҳон дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"