image

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МИҲД шаҳри Душанбе

date_range16.11.2023, 12:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки Президент дар фаҳмиши муосир на танҳо як нафар шахсият, балки чеҳраи шинохтаи ин ё он давлату миллат буда, ифодакунандаи ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамгироӣ дар ҷомеа мебошад, ки тавассути ифодаи иродаи мардум ҳокимиятро соҳиб гаштааст. Ниҳоди президентиро мо метавонем ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва конститутсионию ҳуқуқӣ баррасӣ намоем. Ниҳоди президентӣ- ин ниҳоди расмии давлатӣ аст, ки онро зарурати таърихӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсӣ ба миён оварда, ба раванди ташаккули он арзишҳо, анъанаву одатҳои давлатдорӣ, фарҳанги идоракунӣ, таҷрибаи таърихии давлатдорӣ ва воқеияти муосири сиёсӣ таъсир расонидаанд. Омӯзиши ҷанбаҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди президентӣ нишон медиҳад, ки он таърихи дурудароз дошта, ифодакунандаи рушди ҷомеаи инсонӣ ва муносибатҳои сиёсӣ буда, таҷассуми худро дар тағйирпазирии шакли идоракунӣ ёфтааст. Фаъолияти имрӯзаи ниҳоди президентӣ- ин натиҷаи қобилияти тағйирпазирӣ доштани он аст, ки ба талаботи ҳар давру замон мутобиқ гашта, то имрӯз ҳамчун яке аз шаклҳои мутамаддини идоракунӣ боқӣ мондааст.

Зимни баромади ширкатдорон таъкид рафт, ки метавон бо боварӣ иброз дошт, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ қадами ҷиддӣ, устувор ва қатъӣ гашта, бори дигар собит сохт, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ раванди динамикие аст, ки дар ҳар марҳилаи рушди он ба вуҷуд омадани ҳолатҳои низоии ба мавҷудияти он таҳдидкунанда аз эҳтимол дур нест. Дар чунин ҳолат фақат идоракунии дурусти равандҳо, таъмини тағйирпазирии ҳокимияти сиёсӣ вобаста ба хусусияти ҳар як марҳила ва фаъолияти мақсадноку дурандешонаи ниҳоди сарварӣ метавонад ҳамаи ин равандҳоро ба маҷрои созандагӣ раҳнамоӣ намояд. Дар марҳалаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд хатари нобудшавии онро аз байн бардоранд ва давлатро аз таҳдиди нестшавӣ раҳо бахшанд.

Талабова. Н.
"ТВ Душанбе"