image

Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов

date_range17.11.2023, 15:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260
17 ноябр дар доираи сафари кории худ, дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Конфронсияи мазкур роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои адабӣ иштирок доштанд.
Вобаста ба фаъолияти пурмаҳсул ва эҷодиёти пурғановати нависандаи барҷастаи қирғиз – драматург, сенарист ва публитсисити боистедод Чингиз Айтматов ибрози андеша карда, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр карда мешавад.
Зикр гардид, ки Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун шахсияти дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ маъруф буда, ӯ барои таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷик ва қирғиз кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи халқии қирғиз Чингиз Айтматов ибратомез буда, он дар таҳкими муносибатҳои адабию фарҳангӣ байни ду кишвар мавқеи хос дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба меҳмонон филми мустанад оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои тетрикунонидашудаи асарҳои ӯ намоиш дода шуд.